МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Иштирок дар консерти устодони санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон “Шоми дӯстӣ”

Иштирок дар консерти устодони санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон “Шоми дӯстӣ”

9-08-2024, 04:53
109
0
8 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.
Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.
Аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барномаи бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва равобити некро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тараннум ва пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ карданд.
Барномаи муштараки рангини консертии “Шоми дӯстӣ” хеле дилписанду фараҳбахш доир гардид ва меҳмонони олимақом ба ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангу санъат баҳои баланд доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон
8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи
Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Бегоҳии рӯзи 5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
3 июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо