Маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Қасри миллат
5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Хабарҳои дигар

Оғози сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф
2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Маросими истиқболи расмии меҳмони

Маросими истиқболи расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар

Оғози сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон
4 июл Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон
3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони

Маросими сарфарозгардонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин - ордени “Дӯстӣ”
5 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии