Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии роҳи кӯчаи ба номи Шоймардонов, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки «Хоҷамастон» дидан кард.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмири роҳ дар масофаи 1 километр идома дошта, тибқи нақша пурра мумфарш карда мешавад. Инчунин, бо саҳми аҳолии маҳаллӣ 12 адад симчӯби бетонӣ насб мегардад, ки ба беҳтар гардидани шароити равшаннамоӣ ва амният дар шабонарӯз мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилоят ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва саҳмгузории мардумро дар амалӣ сохтани ташаббусҳои созанда мусбат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки таъмири роҳу инфрасохтори маҳаллӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷамоатҳо нақши муассир дорад.