Вернуться назад Распечатать

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Имрӯз, 31 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шоҳроҳи ноҳияи Шаҳритус-Носири Хусрав дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Сипас, дар деҳаи Сомониёни ноҳия бо рафти шудгор дар хоҷагии деҳқонии "Пулод" шинос шуданд.
Инчунин, дар деҳаи Суғдиён аз самаранок истифодабарии замин, нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии "Ҷойлоббобо" огоҳ гардида, бо деҳқонон суҳбати самимӣ оростанд.
Раиси вилоят зимни суҳбат иброз доштанд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва истифодаи мақсадноки замин мо метавонем ба татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ комёб шавем ва бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардумро беҳтару хубтар намуда, иқтидори содиротии мамлакатро низ тақвият бахшем.