Вернуться назад Распечатать

ДӮСТӢ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД

Дар Дӯстӣ имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист бомаром идома дорад.
Имрӯз, 31 январ, дар идома аз ин тадбир бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатлӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳия ниҳолҳои нодири ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд.
Бо пуштибонӣ аз ин иқдоми сабзкорӣ сокинони касбу кори гуногуни ноҳия ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозаю озода гардонидани муҳити зист фаъолона ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба роҳбарияти ноҳияи Дӯстӣ ва бахши муҳити зист ва масъулини ҷамоатҳои деҳот дастур доданд, ки ниҳолҳои шинонидашударо дар ин мавзеъ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, то фарорасии мавсими баҳор ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо чунин тадбирҳои ободонӣ ин маконро сабзу хуррам ва боз ҳам ободу зебо гардонанд.
Инчунин, раиси вилоят сокинонро ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф, бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ, боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ки аз анъанаҳои накуи аҷдодонамон мебошад, ҳидоят намуданд.