Имрӯз. 31 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафари корӣ анҷом доданд.
Нахуст раиси вилоят дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Сафар Ҷумаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо рафти шудгори заминҳои кишти пумбадона шинос шуданд.
Раиси вилоят масъулини соҳаи кишоварзиро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли тухмиҳои аълосифат, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ҳидоят карданд.
Дар идомаи сафари корӣ, аз ҳолати кунунии варзишгоҳи "Панҷшер"-и ноҳия боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки варзишгоҳи мазкур ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дошта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.
Ба масъулини ноҳия ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дастур дода шуд, ки лоиҳаи нави варзишгоҳ дар кӯтоҳтарин муҳлат бо тарҳ ва намои муосир омода ва пешниҳод карда шавад.
Тибқи дастуру супориши раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид варзишгоҳи "Панҷшер" то рӯзи таҷлили шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд пурра ва мутобиқ ба талаботи имрӯз сохта мавриди истифода қарор дода шавад.
Сафари кории раиси вилояти Хатлон ба дигар ноҳияҳо идома дорад.