Вернуться назад Распечатать

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОЛЛЕҶИ ТИББИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Имрӯз, 24 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» ташриф оварда, бо омӯзгорону кормандон вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар Паёми солона ва дигар мавзуъҳои мубрам суҳбат намуданд.
Инчунин, аз шарту шароити фаъолияти кории омӯзгорону донишҷӯён огоҳ гардида, ба раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи муассиса шинос шуданд.