23 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас Кароблис дар Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар Маркази шуғли фосилавиро ифтитоҳ намуданд.
Дар ин марказ имконияти шуғли фосилавӣ ва таҳкими малакаҳои рақамӣ барои ҷавонони шаҳр пешниҳод карда мешавад.
Ҳадафи таъсиси марказ дар шаҳри Бохтар тавонмандсозии ҷавонон тавассути фароҳам овардани имконияти шуғли пурмазмун ва мусоидат намудан ба рушди малакаҳои зарурӣ барои муваффақ гардидан дар бозори имрӯзаи меҳнат мебошад.
Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ин марказ барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои шуғли фосилавӣ, рушди саводнокии рақамӣ, ба ҷавонони Тоҷикистон омӯзонидани малакаҳои зарурӣ барои бозори меҳнати зудтағйирёбанда мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки Марказҳои шуғли фосилавӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавонон аз саросари Тоҷикистон аз омӯзиш гузашта, малакаҳои заруриро аз худ намуданд, то ин ки ҳамчун қувваи корӣ вориди бозори меҳнати рақамӣ гарданд. Ҳоло тақрибан 3000 нафар наврасон ва ҷавонон тавассути ин марказҳои ҷойи кор пайдо кардаанд.