Вернуться назад Распечатать

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ВИЛОЯТӢ ДАР МАВЗӮИ:НАТИҶАИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, АЗ ДАСТОВАРД ТО ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ" ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

26 июли соли равон дар Маркази рушди малакаи касбии ноҳияи Данғара бо ташаббуси Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари вилоятӣ таҳти унвони "Натиҷаи рушди таҳсилоти рақамӣ дар вилояти Хатлон, аз дастовард то ҳалли мушкилот" доир карда шуд.
Дар семинар- машварат роҳбарият ва кормадони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилоят, директорони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шӯъбаву маориф,омӯзгорон ва мушовирони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.
      семинари мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҷамъбастии шашмоҳаи соли 2024 бо мақсади амалӣ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ барои давраи то соли 2042 ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи техналогияи иттилоотӣ доир гардид.