Вернуться назад Распечатать

ДАРСИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ АЗ ТАРАФИ МУТАХАССИСИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ А.ҶОМӢ

Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» ва нақша чорабинии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар кабинети технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 ноҳияи А.Ҷомӣ дарси омӯзишӣ бо усули амалӣ ба хонандагони синфҳои 6-ум доир ба омӯзиши забони барномасозии SCRATCH гузаронида шуд.