Вернуться назад Распечатать

СЕМИНАР - ОМУЗИШ “SCRATCH”

Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» ва нақша чорабинии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар кабинети технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Ҷайҳун семинари омӯзишӣ бо усули амалӣ оид ба омӯзиши забони барномасозии SCRATCH доир карда шуд.
Дар семинари омӯзишӣ ба омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ноҳияи мазкур аз тарафи мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон оид ба роҳҳои лоиҳасозӣ дар SCRATCH бо усули амалӣ аз қабили лоиҳаи аввалин “Салом аз Гурбача” ва “Ҳаракати моҳӣ дар қаъри об ” омӯзонида шуд.
Мақсади асосии ташкилу баргузории семенраҳои мазкур, расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ мебошад.
Чунин семенарҳои омӯзишӣ бо усули амалӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ гузаронида мешавад.