Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар барои такмил додани маҳорати касбии омӯзгорон курси омузишӣ дар мавзӯҳои барномаи таълимии фанни технологияи иттилоотӣ инчунин расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони фаннӣ технологияи иттилоотӣ дар кабинети технологияи иттилоотии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар ташкил ва баргузор гардид.