Вернуться назад Распечатать

БОХТАР: ИДОМАИ СЕМИНАРҲОИ ДАСТУРДИҲИ АЗ ТАРАФИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 8 -уми май соли равон аз ҷониби Роҳбарияти Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ассоси дастуру ҳидоятҳои бе воситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
дар толори Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар бо мақсади пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ ҷиҳати дуруст истифодабарии саҳифаҳои иҷтимоӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо иштироки роҳбарони синф, раисони кумитаи падару модарон семинари- дастурдиҳи доир карда шуд.
Дар семинар Акмал Нурализода, директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтар, масъулини Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Ҳаминтавр баъди фикру мулоҳизаҳои баромадкунандагон Бахтовар Бобоев муовини директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавасути таҷҳизотҳои муосир аз қабили видиопроектор ва барномаҳои намоиши(презинтатсия) пешниҳоди аҳли толор карда шуд.