Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша чорабинии қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042, нақша чорабинии Раёсати маорифи вилоят, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва накшаи кории Маркази ТИК-и нохияи Ёвон бо иштироки намояндагони Маркази ТИК-и вилояти Хатлон семинар омузиш гузаронида шуд. Дар семинари мазкур омузгорони муассисаҳои таълими фаъолона иштирок намуданд.