Вернуться назад Распечатать

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲИ ДАР НОҲИЯИ КУШОНИЁН

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар МТМУ№14 ноҳияи Кушониён семинари дастурдиҳӣ оид ба истифодабарии дурусти саҳифаҳои иҷтимоӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд. Дар семинари дастурдиҳӣ намояндагони шуъбаи маориф, роҳбарони синф, падарону модарон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.