Барои омодагӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаи таълимии ноҳияи Ёвон барои омӯзгорони фанни технологияи информатсиони семинари омузиши оид ба расонидани ёрии методӣ “Тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар кабинети технологияи иттилоотӣ” ва “Омӯзиши системаи ҳисоб”гузаронида шуд.
Дар семинар омузиш омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон иштирок карда, бо истифода аз компютер ва тахтаи электронӣ дар бораи навгониҳои фаннӣ, усулҳои ҷадиди корӣ, шаклҳои ҷолибсозии дарси мазкур баромад намуданд.
Гуфта шуд,ки имрӯз фурсати он фаро расидааст,ки ҳар як омӯзгор новобаста ба фанни таълимӣ бояд аз технологияи муосир бархӯрдор бошанд. Зеро, талаботи мактаби муосир дар истифодабарии технологияи асри нав мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзгорони фаннҳои дақиқро дар муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки ба таври амаливу назариявӣ фанҳои мазкурро аз худ кунанд ва дигар омӯзгорону хонандагонро бо нозукиҳои технологияи муосир шинос намоянд.
Дар раванди дарсҳо беҳтар ба амалия диққат дода, хонандагонро мустақилона кор карданро омӯзонидани лозим мебошад. Чаро ки дохилшавӣ ба макотиби олӣ низ тариқи Маркази миллии тестӣ бо истифода аз компютер ва корномаҳои компютерӣ мебошад.