Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар барои такмил додани маҳорати касбии омӯзгорон семинар-омӯзиш дар мавзуи "Истифодаи самараноки технологияи муосир, видеопроектор ва тахтаи электронӣ дар раванди таълим" инчунин расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони фанҳои дақиқ, ҷамъиятӣ-гуманитарӣ,омузгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, дар кабинети технологияи иттилоотии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар ташкил ва баргузор гардид.
Дар семинари мазкур мутахассиси Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷояги бо омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар ба омузгорон оид ба истифодабарии таҷҳизотҳо, кор бо равзана ва қисматҳои барномаи Maicrosoft Office, роҳҳои истифодабарии самаранокии видеопроектор ва тахтаҳои электрониро дар раванди таълим шинос намуда, ба иштирокчиён имкониятҳои дар амал истифодабарии барномаҳоро омӯзониданд.