Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори фарҳанги ноҳияи А.Ҷомӣ семинари- дастурдиҳи оид ба истифодабарии дурусти саҳифаҳои иҷтимоӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд. Дар семинари- дастурдиҳи намояндагони шуъбаи кор бо ноболиғон , шуъбаи маориф, роҳбарони синф, падарону модарон, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.