Вернуться назад Распечатать

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲИ АЗ ҶОНИБИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Дар ассоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон семинари- дастурдиҳи оид ба истифодабарии дурусти саҳифаҳои иҷтимоӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд.
Таъкид гардид, ки семинар мазкур ин пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ ҷиҳати дуруст истифодабарии саҳифаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ маънидод карда шуд.
Дар семинари- дастурдиҳи намояндагони шуъбаи маориф, роҳбарони синф, падарону модарон, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Бахтовар Бобоев муовини директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилоят тавасути видиопроектор аз барномаҳои намоиши ва ҳамчунин дигар факту далелҳои муътамаду ҷолиб атрофи истифодаи дурусти саҳифаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.