Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи Мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзуи тартиби дурусти ҳуҷатгузорӣ дар марказҳо ва кабинети технологияи иттилоотӣ, инчунин вазифаи мушовир ва омӯзгори фани технологияи иттилоотӣ семинар-машварати омӯзишӣ доир гардид.
Дар семинари мазкур оид ба барномаи давлатӣ ва консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҶТ, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақами дар ҶТ, дар барои консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар ҶТ, дар бораи Барномаи ҷори намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ бораи солҳои 2024-2028 ва тарзи ҳуҷатгузорӣ ба роҳбарони марказҳои ТИК дар шаҳру ноҳияҳо ва мушовирони соҳа маълумоти мушахас дода шуд.