Дар варзишгоҳи "Вахш"-и шаҳри Бохтар байни ду дастаи қавии футболи вилоят - "Вахш"-и Бохтар ва "Равшан"-и Кӯлоб бозии ҷолибу диданӣ баргузор шуд.
Ба тамошои бозии марказии даври 10-ум раиси Федератсияи футболи Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид омада буд.
«Вахш» бо шарофати голи Дмитрий Билоног «Равшан»-и Кӯлобро шикаст дода, марҳилаи аввали

Чемпионати Тоҷикистон-2025-ро бидуни шикаст ҷамъбаст намуд.