Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шунидани арзу ниёзи мардуми ва бартараф намудани мушкилии онҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Фархор сафари корӣ анҷом доданд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5 барои 1240 хонанда боздид намуд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассиса соли 2020 оғоз ёфта, то имрӯз ба таври муназзам идома доранд.
Масоҳати умумии замини ҷудошуда 3,96 гектарро ташкил медиҳад. То 1-уми майи соли ҷорӣ 49%-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, аз маблағи умумии 26 миллиону 970 ҳазор сомонӣ 13 миллиону 153 ҳазор сомонӣ аллакай истифода гардидааст.
Бинои иловагӣ барои муассисаи таълимии №5 бо иқтидори қабули 1240 хонанда дар ду баст, пешбинӣ шудааст. Ин лоиҳа бо мақсади рушди соҳаи маориф ва таъмини шароити замонавии таълим тарҳрезӣ гардидааст.
Бино аз чор қисми бо ҳам пайваст иборат буда, бинои асосии таълимӣ сеошёна мебошад. Он дорои 28 синфхонаи умумӣ ва фаннӣ буда, қисмҳои дигар ҳуҷраҳои маъмурӣ, лабораторияҳо, китобхона, ошхона ва толори маҷлисиро дар бар мегиранд. Толори варзишӣ бо андозаи 18x24 метр буда, дорои 100 ҷойи нишаст мебошад.
То имрӯз таҳкурсӣ ва боми биноҳои таълимии корпусҳои А ва Б пурра ба анҷом расидаанд.
Дар соли ҷорӣ 4 миллион сомонӣ барои анҷом додани сохтмони деворҳо, насби тирезаҳо ва пӯшиши боми толорҳо бо фермаҳои оҳанин ва сендвичпанелҳо ҷудо гардидааст.
Айни замон дар корпусҳои А ва Б рағд намудани деворҳо бо маҳлули қуму семент ва васл намудани тирезаҳо, дар корпуси В корҳои чидани деворҳои хишти сутунҳо, ригелҳо ва болодарию болотирезагии дару тирезаҳои ошёнаи 2-юм ҷараён дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Гуфта шуд, ки дар баробари корҳои баанҷомрасида дар бинои муассиса ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, чароғонкунӣ, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ диққат дода шуда, дар ин самт ҳамарӯза корҳо идома доранд.
Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён ва масъулин таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ бояд вусъат ёбанд ва дар амалӣ шудани иқдомоти мазкур, қабл аз ҳама, роҳбарон, шуруъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо намунаи ибрат бошанд.