Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонии бинои таълимӣ дар назди Муассисаи давлатии таълимии "Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар" шинос шуданд.
Нахуст дар саҳни муассиса бо иштироки раиси вилоят маъракаи шинонидани ниҳолҳои ороишӣ гузаронида шуд.
Иттилоъ дода шуд ки бинои таълимӣ аз 5 ошёна иборат буда, беш аз 60 фоизи кор ба анҷом расонида шудааст.
Раиси вилоят ҷиҳати бо сифати баланд бунёд ва тезонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти коллеҷ дастуру супоришҳои мушахас доданд.
Сипас, ба фаъолияти муассиса шинос шуда, аз Маркази тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ, толори тестӣ, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои омӯзишӣ, китобхона, ки навсозӣ ва муҷаҳҳаз ба технологияи нави замонавӣ шудаанд, боздид намуданд.
Раиси вилоят бо донишҷӯён суҳбати самимӣ намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар касби худ мутахассиси варзида шуда, ба халқу миллат хизмат расонанд.