Вернуться назад Распечатать

ҚУБОДИЁН. БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ОЙБАҲОР”

Имрӯз, 31 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Қубодиён ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка дар хоҷагии деҳқонии «Ойбаҳор»-и ҷамоати деҳоти Вобканд оғоз бахшид.
Раиси вилоят пеш аз оғоз бахшидани корҳо бо сарвари хоҷагии зикршуда ва роҳбарони самти кишоварзӣ мулоқоти сарироҳӣ намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, саривақт кишт намудани зироатҳои ғалладонагӣ, картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии «Ойбаҳор» кишти картошка оғоз гардида, хоҷагӣ барои гузаронидани кишти дигар намуди зироатҳо заминҳоро омода сохтааст.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят зикр доштанд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулон дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Раиси вилоят ба кишти картошка оғоз бахшида, ба хоҷагидор муваффақияту бурдборӣ хостанд ва барои саҳми онҳо дар самти кишоварзии вилоят ва ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.