Вернуться назад Распечатать

РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ ШИНОС ШУДАНД

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ, ҳамзамон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия низ дидан намуданд.
Бинои шуъбаи маориф бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд ва мусоидати МИҲД-и ноҳия бунёд гардида, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Бинои мазкур тибқи лоиҳа аз се ошёна ва 12 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат мебошад.
Мавризи зикр аст, ки бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд 3 бинои нави таълимӣ, бинои шуъбаи маориф, бо саҳми соҳибкорону сокинон ва кумитаи падару модарон дар назди 10 муассисаи таълимӣ айни замон сохтмони 53 синфхонаи иловагӣ идома дорад.
Соли 2024 дар ноҳия як муассисаи нави таълимӣ ва 8 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст.