Вернуться назад Распечатать

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН

Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов ташриф оварда, аз заминҳои наздиҳавлигии эшон дидан намуданд.
Раиси вилоят бо истифодаи самарабахши замини наздиҳавлигии шаҳрвандон шинос шуда, ба шеваи кору натиҷаҳои баланди меҳнаташ баҳои баланд дод.
Сокини маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар Бадриддин Маҳмадраҳимов дар масоҳати 0,06 гектар замини ҳавлиаш гармхонаи помидор ва бодиринги барвақтӣ сохта, ҳар як ваҷаби заминро оқилонаву пурсамар истифода мекунад ва соле ду-се ҳосил мерӯёнад. Давлаталӣ Саид таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили барвақтии помидору бодиринг манфиатовар хонд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин бо гармхонаи доимоамалкунанда дар қитъаи замини ҳавлии шаҳрванд Фурқат Қосимов ошно гардида, саҳми ӯву дигар сокинони маҳалларо дар таъмини амнияти озуқаворӣ чашмрас арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили фаровони гармхонаҳо бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин ва нарху навои он муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Зимни суҳбат бо сокини маҳаллӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи ғизоӣ қонеъ сохта, ба ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.