Вернуться назад Распечатать

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН»

Имрӯз, 30.04.2025 дар маҷлисгоҳи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Барномасози беҳтарин" миёни беҳтарин хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои намуди нави шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия баргузор гардид, ки тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ғолибони даври вилоятии озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар ҷамъбасти озмуни "Барномасози беҳтарин" ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони озмун Сардори раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло Назар ширкат варзида, ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид тақдим карда шуд.