Мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон барои омӯзгорони фанни технологияи итилоотии ноҳияи Вахш семинар - омӯзиш гузарониданд.
Дар семинари омӯзишӣ асосҳои истифодаи компютер, тахтаи электронӣ ва дигар таҷизотҳои техникии дарсӣ омӯзонида шуда, дар бораи нафъи истифодаи интернет дар раванди таълим ва манбаъҳои таълимии қабулшудаи электронӣ иттилоъ дода шуд.
Акмал Нурализода, директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон изҳор дошт,ки тибқи нақша ҳамаи омӯзгорони фанҳои таълими , мушовирони шуъбаҳои маориф бояд ба чунин омӯзиш фаро гирифта шаванд. Ҳадаф аз ташкили семинарҳои омӯзишии мазкур такмил додани омӯзгорон оид ба истифодаи технологияи муосир дар дарсҳо мебошад.