23 ноябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли шашум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Тавре таъкид карда шуд, натиҷаи озмун нишон дод, ки шаҳри Душанбе бо гирифтани 43 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 10 ҷойи якум, 15 ҷойи дуюм, 17 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи якум, вилояти Хатлон соҳиби 35 ҷой (2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм), вилояти Суғд соҳиби 29 ҷой (5 ҷойи якум, 10 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 13 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 4 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соҳиби 10 ҷой (3 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм) гардид.
Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, 21-уми ноябри соли ҷорӣ барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 21 нафар ғолиби ҷойҳои якум 15 нафар иштирок карда, донишу ҷаҳонибинии довталабон озмунӣ санҷида шуд. ар натиҷа, Ҳасанова Малика, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Кӯлоб сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, Мабатқадамова Шаина, хонандаи синфи 9-и Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, Шарифзода Сабрина, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва Алимова Асилабону, хонандаи синфи 3-и Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон гардиданд.
Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайати доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки оммавигардонии китобхонӣ дар вилояти Хатлон бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, натиҷаи назаррас ба бор овард.
Лозим ба таъкид аст, ки гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо байни кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ҷиҳати оммавӣ гардонидани мутолиаи асарҳои бадеӣ корбарӣ карданд. Инчунин, якчанд озмунҳо ташкил гардида, натиҷагирӣ шуд.
Маҳз ташкили оммавигардонии китобхонӣ байни синнусоли гуногун дар соҳаи маориф натиҷаи хуб дода, шумораи довталабон ва ғолибонро дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" зиёд намуд.