ҶАЙҲУН: ТАЪМИРИ КОМПЮТЕРҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ АЗ ҶОНИБИ КОРМАДОНИ МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯ
Аз ҷониби кормадони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ноҳияи Ҷайҳун таъмири компиётерҳои муассисаҳои таълимии ноҳияи мазкур ба анҷом расонида шуд.
Директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ноҳияи Ҷайҳун Абдувалӣ Ғуруков хабар дод, ки дар ҷараёни таъмир аксари қисмҳои эҳтиётии компиётерҳои муассисаҳои таълимии аз нав иваз карда шуд.
Бино ба гуфтаи масъулини соҳа бо мақсади иҷрои нақшаи чорабинии қарори раиси вилояти Хатлон ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042», компютерҳои корношоям аз ҷониби Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар шаҳру навоҳии вилояти Хаталон таъмир карда мешавад.