Вернуться назад Распечатать

Таъмири компютерҳо аз тарафи мутахассисони марказ ва бахшҳои тик-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Дар  се моҳи соли 2024 аз тарафи мутахассисони Марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия 2616 адад компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо  аз таъмир бароварда шуданд.

Ёдовар бояд гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ин мусоидат дар таъмири компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар назди марказ ва бахшҳо мутахассисони баландихтисоси технологияи муосир ҷалб гардидаанд ва ҳамаррӯза ба таъмиру тармими компютер, принтер ва тахтаҳои электронии муассисаҳои таълимӣ машғул мебошанд.