Мақсади ворид шудани мо ба ҷараёни илму техникаи ҷаҳонӣ ин шинос намудани насли наврас бо дастовардҳои навтарини илм, технологияи пешқадами иттилоотӣ ва дар ин замина омода сохтани мутахассисони баландпоя мебошад,
Рушди раванди иттилоотии ҷомеа ва тадбиқи пурра ва комили компютер дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон проблемаи амнияти иттилоотиро боз ҳам ба дараҷаи болотар бардоштааст. Акнун ҳалли ин проблемаро дар баҳисобгирии маҷмўи шароитҳои нави гардиши иттилоот, эҷод ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, ки онҳо дар якҷоягӣ муҳити иттилоотӣ ном гирифтаанд, ҷустан лозим аст.
Ёдовар бояд гардид,ки Системаҳои иттилоотӣ:
Иттилоот,
Воситаҳои техникӣ ва барномавӣ истифодабарандагон ва ҳайати хизматрасонӣ,таҳдид ба вайроншавии махфӣ будани иттилоот – ин намуди таҳдид дар вақтҳои иҷозат ба дастрасӣ ва гузаронидани иттилооти махфӣ аз як система ба системаи дигар пайдо мешавад.
таҳдид ба вайроншавии яклухти иттилоот – ин таҳдид ҳангоми дохил намудани тағйиротҳо ба иттилоот ва гузаронидани он аз як система ба системаи дигар пайдо мешавад.
таҳдид ба вайроншавии дастрасии иттилоот – ин таҳдид ҳангоми амалиётҳои қасдан аз тарафи ҷинояткор бастани роҳи паҳншавии иттилоот ба вуҷуд меояд.
Муроҷиати бевосита ба обектҳои дастрасии иттилоот, мебошанд.