Барои омодагӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаи таълимии рақами 15-и шаҳри Левакант барои омӯзгорони фанни технологияи информатсиони машварат гузаронида шуд.
Дар машварати омӯзгорони фанни технологияи информатсиони мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон иштирок карда, бо истифода аз компютер ва тахтаи электронӣ дар бораи навгониҳои фаннӣ, усулҳои ҷадиди корӣ, шаклҳои ҷолибсозии дарси мазкур баромад намуданд.
Гуфта шуд,ки имрӯз фурсати он фаро расидааст,ки ҳар як омӯзгор новобаста ба фанни таълимӣ бояд аз технологияи муосир бархӯрдор бошанд. Зеро, талаботи мактаби муосир дар истифодабарии технологияи асри нав мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзгорони фанни технологияи информатсиониро дар муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки ба таври амаливу назариявӣ фанни мазкурро аз худ кунанд ва дигар омӯзгорону хонандагонро бо нозукиҳои технологияи муосир шинос намоянд.
Дар раванди дарсҳо беҳтар ба амалия диққат дода, хонандагонро мустақилона кор карданро омӯзонидани лозим мебошад. Чаро ки дохилшавӣ ба макотиби олӣ низ тариқи Маркази миллии тестӣ бо истифода аз компютер ва корномаҳои компютерӣ мебошад.
Дар охири семинар - машварат аз тарафи мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон ба омӯзгорони фанни технологияи итилоотӣ барои беҳтар гардидани семинар - машварат мазкур таклифу пешниҳодҳо намуданд.