Мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти хатлон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил карданд.
Курсҳои омузишии мазкур дар якҷояги бо Раёсати маорифи вилояти хатлон ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз ин курсҳои омузиши бархӯрдории ҳамаи омӯзгорон аз фанни технологияи иттилоотӣ ва истифодаи тахтаи электронӣ, компютер ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ дар дарсҳои фаннӣ мебошад. Барои муваффақ шудан дар соҳаи таълим ва омода кардани хонандагон мувофиқ ба талаботи рӯз донистани истифодаи технологияи муосир нақши муҳимро мебозад.
Ёдовар мегардем, ки аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти хатлон дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар семинарҳои омӯзишӣ ташкил гардида, ба омӯзгорони фанҳои гуногун нозукиҳои кор бо компютер ва тахтаи электронӣ омӯзонида мешавад.